Таътилии баҳории хонандагон аз 21 то 31 март
Аз 21 то 31 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст мешавад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин ба хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешавад, то дар таътили баҳорӣ онҳоро мутолиа намоянд.
Тазаккур дода шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша корҳои муфид ва барномаҳои тарбиявӣ амалӣ месозад.
Зикр шуд, ки таътил барои хонандагон бо мақсади истироҳат муқаррар шудааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки хонандагон ин давраро фақат бо тамошои телевизор ва бозӣ кардан дар кӯча гузаронанд.
Масъулини соҳаи маориф иброз медоранд, ки падару модарон ва роҳбарони синфҳо бояд саёҳат ташкил намуда, бачаҳоро ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳо баранд. Ҳамчунин роҳбарони синфҳо байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовар ороста, бояд оид ба муҳтавои китобҳои хондаашон суҳбат гузаронанд.
Инчунин ба хонандагон тавсия дода мешавад, ки дар давраи таътили баҳорӣ бештар ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул шуда, дониш ва ҷаҳонбинии маънавии хешро васеъ намоянд.