Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Рӯҳияи миллӣ ва дипломатияи фарҳангии Пешвои миллат дар ташаккули сулҳ ва суботи минтақавӣ» баргузор шуд.

Ҳадафи конфронс баррасии нақши сиёсати фарҳангӣ ва дипломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ, суботи минтақавӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни конфронс олимон, муҳаққиқон ва намояндагони доираҳои илмӣ доир ба масъалаҳои рушди рӯҳияи миллӣ, таҳкими ҳувияти фарҳангӣ ва дипломатияи фарҳангӣ маърӯзаҳо ироа намуданд.

Муқаддас Машрабиён

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE