ММТ: Имрӯз даври асосии ИМД оғоз гардид
Имрӯз даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои «А» (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва «Б» (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои дохилшавандагони соли таҳсили 2021 оғоз гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ аз 1 март то 30 апрели соли равон шумораи номнависшудагон 103429 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи зикргардида 91504 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11925 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд.
Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои «А» ва «Б» дар заминаи 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо 1937 нафар дар асоси шартномаи меҳнатӣ, ҳамчун корманди муваққатӣ, барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо фаъолият мекунанд. Инчунин, барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот 112 нафар аз кормандони асосӣ ва муваққатии Марказ ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд.
Бино ба зикри манбаъ, имрӯз 14261 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб карда қисми А-ро месупоранд. Қисми А аз чор субтест иборат аст, ки барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад. Барои қисми А 220 дақиқа муқаррар шудааст.
Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Довталаб бояд бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист: шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, даъватнома, 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад), ниқоби тиббӣ.
Ҳамчунин овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст: ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ, телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра). Раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар Марказ пахш карда мешавад. Марказ барои он тамоми таҷҳизоти заруриро дар ҳар як маркази имтиҳонӣ таъмин кардааст.
Ёдовар мешавем, ки эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) то 20 июли соли равон муайян карда мешавад.