Чопи китоб ба хотири муаррих Раҳим Масов
Бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Душанбе китоби нав таҳти унвони «Мароми ӯ — ҳақиқати таърих», ки ба хотираи муаррихи маъруфи тоҷик, академик Раҳим Масов бахшида шудааст, аз чоп баромад.
Дар маҷмӯа мақолаҳо ва маводе ҷамъ оварда шудаанд, ки фаъолияти илмӣ, илмӣ-ташкилӣ ва ҷамъиятию сиёсии олими барҷастаро тавсиф мекунанд. Дар он сарчашмаҳо ва таҳаввули ақидаҳои ӯ пайгирӣ шуда, омилҳое, ки ба ташаккули мавқеи шаҳрвандии ӯ таъсир расонидаанд, ошкор гардидаанд.
Номи китобҳое, ки дар ҳифзи хотираи таърихӣ ва мероси фарҳангии мардуми тоҷик осори возеҳ гузоштаанд, аз қабили «Таърихнигории Тоҷикистони шӯравӣ», «Эҳёи фарҳангии Тоҷикистон», «Таърихи табартақсим», «Тоҷикон: фишороварӣ ва ассимилиятсия» ва дигарон дарҷ гардидааст.
Соли 2014 яке аз дурахшонтарин асарҳои Раҳим Масов бо номи «Таърихи тоҷикон бо мӯҳри «комилан сиррӣ» нашр шуд, ки дар муқаддимаи он Шоири халқии Тоҷикистон Лоик Шералӣ чунин менависад: «Ин китоб танхо як кори илмӣ нест, балки достонест пур аз ашку хун, пур аз оҳу фарёд, навишта бо забони аснод, балки фоҷианомаест аз худии худро куштанамон гоҳо бо дасти худ, гоҳо бо дасти душманон… Ин китоб бо хуни дил иншо шуда ва бояд ҳар як тоҷики пурҷигар онро бо хуни дил бихонад ва бидонад, ки кӣ будаем ва кӣ ҳастем… ».
Раҳим Масов, ки аз соли 1988 то 2015 роҳбарии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт, муаллифи беш аз 500 асари илмӣ ва илмию оммавии таърихист, ки 14 номгӯи онҳоро монографияҳо ташкил медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҳаёт ва фаъолияти академик Раҳим Масовро намунаи равшани ватандӯстӣ, далерӣ ва адолат номидаанд.
Академик Раҳим Масов 21 июни соли 2018 аз олам даргузашт. Дар барқияи изҳори тасаллии амиқи худ ба наздикону пайвандони марҳум ва ҷомеаи илмии тоҷик, Пешвои миллат чунин тазаккур доданд: «Раҳим Масов дар тӯли ҳаёти бобаракати худ ба омӯзиши таърихи давлат ва миллати тоҷик машғул буд ва аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ, ки паҳлуҳои гуногуни гузаштаи халқи моро инъикос менамоянд, боқӣ гузоштааст. Ӯ дар асарҳои илмии худ саҳифаҳои норавшани таърихи халқи тоҷикро дар асоси сарчашмаҳои муътамад ва бо дарназардошти воқеияти илмӣ таҳқиқ намудааст. Хизматҳои пурарзиши Раҳим Масов дар мавриди шинохти ҳувияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ дар хотираи мардуми Тоҷикистон ҳамеша боқӣ хоҳад монд».
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Масов бо ордени Спитамен, ордени Дӯстӣ ва ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст. Ӯ соли 2012 барандаи Ҷоизаи байнидавлатӣ «Звезда Содружества» («Ситораи Иттиҳод») ва соли 2013 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино гардидааст.